ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР “ОЗОДӢ”: РУСТАМИ ҶОНӢ – БА ҶОИ ХУРШЕДИ ҲАМДАМ (ВИДЕО)
Мудири бахши тоҷикии радиои "Озодӣ” Соҷидаи Мирзо тасмим гирифтааст, Хуршеди Ҳамдамро аз мақоми мудири дафтари ин радио дар Душанбе барканор кунад. Ба ҷои ӯ аз Прага Рустами Ҷонӣ, ки аз бадрафториҳои Соҷида Мирзо ба роҳбарони радио шикоят карда буд, ба Душанбе "бадарға” карда мешавад.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, ҷаласаи субҳи 16 феврали бахши тоҷикии радиои "Озодӣ” мунҷар ба ҷанҷоли бузурге байни кормандони дафтари ин радио дар Душанбе ва дафтари марказиаш дар Прага шудааст. Дар пайи ин ҷаласа мудири бахши тоҷикии "Озодӣ” Соҷидаи Мирзо ҷиҳати барканории мудири дафтари "Озодӣ” дар Душанбе Хуршеди Ҳамдам тасмим гирифта, пуштибони асосиаш дар маъмурияти радио – мудири барномаҳои Осиёи Марказӣ Аббоси Ҷаводиро ба дурустии ин тасмим мутақоид сохтааст.
Ба ҷои Хуршеди Ҳамдам Соҷидаи Мирзо барои роҳбарии дафтари "Озодӣ” дар Душанбе Рустами Ҷониро пешниҳод кардааст. Рустами Ҷонӣ то кунун ммасъулияти гузоришҳои видеоии "Озодӣ”-ро бар дӯш дошт ва аз поёни соли 2015 дар дафтари марказии ин радио дар шаҳри Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех кор мекард.
Манобеи сомонаи "Ахбор” мегӯянд, азбаски Аббоси Ҷаводӣ аз хатти кашидаи Соҷидаи Мирзо берун пой намемонад, маъмурияти радио алакай дар пайи амалӣ сохтани ин тағйироти кадрӣ шудааст. Қарор аст, дар поёни моҳи феврал Хиромони Бақозода – муовини Соҷидаи Мирзо Рустами Ҷониро ба Душанбе бурда, ба унвони мудири нави дафтари ин радио муаррифӣ кунад.
Хуршеди Ҳамдам, ки қаблан дар расонаҳои ББС, "Садои Хуросон” ва ИРНО – хабаргузории давлатии Эрон кор карда, аз соли 2010 мудири дафтари "Озодӣ” дар Душанбе буд, аз ёрони хеле наздики Соҷидаи Мирзо ба шумор мерафт.
Аммо дар ин авохир Хуршеди Ҳамдам ҳам аз зӯргӯиҳои Соҷидаи Мирзо ва атрофиёнаш ба ҷон омада, чандин бор дар ҷаласаҳои расмӣ талаб карда буд, ки ба хабарнигорони радио дар Душанбе бо эҳтиром муносибат кунанд ва ба иззати нафсашон нарасанд.
Барканории Хуршеди Ҳамдам аз оғози марҳалаи наве дар сиёсати кадрии Соҷидаи Мирзо дарак медиҳад. Соҷидаи Мирзо, ки дар тӯли 10 соли роҳбариаш бар радиои "Озодӣ” ҳудуди 50 хабарнигор тарки кор дар ин расона карданд, зоҳиран бо ҳадафи ҳифзи курсии ларзонакшудааш ба "рӯфтан”-и атрофиёни худ сар кардааст.
Рустами Ҷонӣ то омаданаш ба "Озодӣ” роҳбарии ширкати "Ориёно Медиа” ва радиои "Имрӯз” – ду тарҳи матбуотии марбут ба Ҳасан Асадуллоҳзода, раиси "Ориёнбонк” ва додарарӯси пурнуфузи президент Эмомалӣ Раҳмонро ба дӯш дошт. Ӯро барои силсилаи барномаҳои Орзу Исоев дар радиои "Имрӯз” аз мақом барканор карда буданд ва иттифоқан баъди он барканориаш бо Рустами Ҷонӣ барои "Озодӣ” Хуршеди Ҳамдам мусоҳиба гирифта буд:
Барои Рустами Ҷонӣ, ки беш аз ду сол боз дар Прага кор мекард, мақоми мудири дафтари "Озодӣ” дар Душанбе пасрафт ё ба қавли маъруф, "бадарға” ҳисоб мешавад. Афроди огоҳ аз нимкосаҳои зери косаи ин қазия ба "Ахбор” гуфтанд, ки Рустами Ҷонӣ ахиран ба таври расмӣ ба роҳбарони радиои "Озодӣ” дар Прага аз бадрафториву "буққагарӣ”-и Соҷидаи Мирзо ва гуруҳи тарафдоронаш шикоят карда буд ва зоҳиран бо ин "бадарға” Соҷидаи Мирзо мехоҳад боз як манбаи норозигӣ ва эҳтимоли ошӯби навбатӣ дар дафтари марказии "Озодӣ” дар Прагаро хунсо кунад.
Як мояи муноқишаи рӯзи 16 феврал байни кормандони радиои "Озодӣ” низ ҳамин бадрафторӣ ва "буққагарӣ”-и Соҷидаи Мирзо (ДАР АКС) ва атрофиёнаш нисбат ба хабарнигорон дар Душанбе гуфта мешавад.
Бадрафториҳои Соҷидаи Мирзо чандин сол боз бахши тоҷикии радиои "Озодӣ”-ро дар панҷаи буҳрони амиқ нигоҳ медоранд. Шикоятҳои бешумори кормандони "Озодӣ” аз рафтори мудираш мавзӯи чандин таҳқиқоти мақомоти расмии Амрико шудааст. Соли гузашта Дафтари Инспектори генералии Амрико гуфт, дар ҷараёни як таҳқиқоташ аз 6 корманди бахши тоҷики радиои "Озодӣ” дар Прага 5 нафараш ба зидди мудири ин бахш Соҷидаи Мирзо баёнот додаанд.
Дар аҳди роҳбарии Соҷидаи Мирзо бахши тоҷикии радиои "Озодӣ” аз иҷрои миссияи аслиаш хеле дур шуда, ба як расонаи бедандони думликон ва амалан ба як нашрияи зарде табдил ёфт, ки асосан аз ҳисоби мавзӯъҳои сабуке, чун шикоятҳои хушдоманҳо аз келинҳояшон, мусоҳибаҳо бо танфурӯшону ҳамҷинсгароён, таҳқиқи нутфае, ки барои бордор кардани модаговҳо истифода мешавад, ва амсоли ин хонанда ҷамъ мекунад.
Фирор аз пайгирии масоили доғ аз ҷониби радиое, ки ҳар сол Конгресси Амрико барояш 1,6 миллион доллар ҷудо мекунад, боиси башиддат коҳиш ёфтани шумори хонандагони "Озодӣ” шудааст. Бино ба маълумоти оморӣ, радиои "Озодӣ” дар соли 2017 қариб 20 миллион хонандаи камтар доштааст ва ин тамоюл ҳамчунон беист идома дорад.
Хонандагони собиқи "Озодӣ” мегӯянд,
Соҷидаи Мирзо 60 сол дошта, аз соли 2008, инак қариб 10 сол боз мудири бахши тоҷикии радиои "Озодӣ” аст. Дар соли 2015 шавҳари ӯ – полковник Саидмухтор Беков бо ҷурми гирифтани 83 ҳазор доллар пора ба 10 соли зиндон маҳкум шуд. Мақомоти тафтишотӣ гуфта буданд, ки дар чорчӯби ин парванда бояд Соҷидаи Мирзо низ пиромуни тавассути вай дар Аврупо шустушӯ шудани маблағҳои бо роҳи ришвагирӣ бадастовардаи шавҳараш бозҷӯӣ шавад. Вале баъди боздошти полковник Беков Соҷидаи Мирзо дигар ба Тоҷикистон нарафтааст.
Ҳоло низ ӯ барои муаррифии мудири нави дафтари "Озодӣ” ба Душанбе муовинашро мефиристад.